Афзоиши 50 баробарии кишти маводи мухаддир дар Афғонистон
(last modified 2020-01-27T08:26:38+00:00 )
Январ 27, 2020 13:26 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 50 баробарии кишти маводи мухаддир дар Афғонистон

Фармондеҳи нерӯҳои интизомии Ҷумҳурии исломии Эрон бо ишора ба лашкаркашии Амрико ба Афғонистон гуфт, пас аз ҳузури Амрико, тавлиди анвои маводи мухаддир дар Афғонистон 50 баробар шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон; сардор сартиб Ҳусайни Аштарӣ субҳи имрӯз душанбе дар нишасти раисони полиси мубориза бо маводи мухаддири нерӯи интизомии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Теҳрон таъкид кард, Созмони Миллали Муттаҳид бояд дар хусуси таъсири Амрико дар афзоиши кишти маводи мухаддир дар Афғонистон вокуниш нишон диҳад.

Фармондеҳи нерӯҳои интизомии  Эрон бо баёни ин ки  700 тонна намудҳои маводи мухаддир дар 10 моҳи гузашта дар Эрон кашф шудааст тасреҳ кард, ин мизон нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта 18 дарсад афзоиш доштааст.

Эрон то кунун ҳудуди 4 ҳазор шаҳид ва ҳазор захмӣ дар роҳи мубориза бо маводи мухаддир тақдим кардааст.

Созмони Миллали Муттаҳид аз Эрон ба унвони парчамдори мубориза бо маводи мухаддир ном бурдааст.

Барчасп