Январ 28, 2020 21:03 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимоли ҳалокати тарроҳи террори шаҳид Сулаймонӣ дар суқути ҳавопаймои амрикоӣ

Торнамои рӯзномаи англисии «Миррор» дар гузорише аз кушта шудани тарроҳи террори сардори шаҳид Қосими Сулаймонӣ дар суқути ҳавопаймои низомии Амрико дар Афғонистон хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, торнамои рӯзномаи англисии «Миррор» рӯзи сешанбе навишт, дар бархе гузоришҳо ба нақл аз манобеи иттилоотии Русия ин гуна иддао шудааст, ки Майкл Д’Андреа дар ҳодисаи суқути ин ҳавопаймо кушта шудааст.

Амрико ҳанӯз дар бораи ин гузоришҳо изҳори назар накардааст.

Д’Андреа масъули мизи Эрон, Афғонистон ва Ироқ дар Созмони сиёсат ва гуфта мешавад, нақшаи Амрико барои террори шаҳид Қосими Сулаймониро ӯ тарроҳӣ карда буд.

Ба навиштаи “Миррор”, Толибони Афғонистон муддаии ҳадаф қарор додан ва соқит кардани ин ҳавопаймо шуда, аммо санаде дар бораи иддаои худ ироа накардааст.

Раиси пулиси вилояти Ғазнии Афғонистон гуфтааст, чаҳор кушта ва ду мафқуд натиҷаи суқути ҳавопаймои амрикоӣ дар минтақаи таҳти контроли Толибон аст.

Ҳавопаймои низомии E-11-и мутааллиқ ба артиши Амрико ҳаволии зуҳри рӯзи гузашта дар вилояти Ғазнии Афғонистон суқут кард.

 

Барчасп