Cабти аввалин қурбонии коронавирус дар хориҷ аз Чин
(last modified Sun, 02 Feb 2020 07:17:57 GMT )
Феврал 02, 2020 12:17 Asia/Dushanbe
  • Cабти аввалин қурбонии коронавирус дар хориҷ аз Чин

Вируси тоҷдор аввалин қурбонии худро дар хориҷ аз Чин ва дар хоки Филиппин ба коми марг кашонд.

Ба нақл аз Хабаргузории садо ва симо, Вазорати беҳдошти Филиппин бомдоди имрӯз якшанбе бо ишора ба ин ки дуввумин мавриди ибтило ба коронавирус дар ин кишвар сабт шуд эълом кард, як шаҳрванди ин кишвар дар асари ибтило ба вируси тоҷдор ҷон бохтааст.

Пас аз интишори ин хабар Созмони ҷаҳонии беҳдошт эълом кард, ин аввалин мавриди марг ба сабаби коронавирус аст, ки дар хориҷ аз кишвари Чин сабт мешавад.

Ситоди вижаи мубориза бо шуюуи коронавирус дар Филиппин ҳамчунин пас аз марги ин шаҳрванди филиппинӣ ҳамаи парвозҳои вурудӣ аз Чинро мамнӯъ кард.

Бар асоси омори нави Вазорати беҳдошти Чин то кунун 14 ҳазору 380 нафар дар ин кишвар ба ин вируси нав мубтало шуда ва дар маҷмӯъ 304 нафар ҷон бохтаанд.