Феврал 03, 2020 10:51 Asia/Dushanbe
  • Кашфи доруи нав барои дармони вируси тоҷдор дар Тайланд

Пизишкони тайландӣ муддаӣ шуданд бо таркиби доруи зидди СПИД ва доруи зидди зуком ба натиҷаҳои мусбате барои дармони бемории коронавирус даст ёфтааст.

Ба нақл аз Спутник, пизишкони тайландӣ таркибе аз ин ду доруро бар рӯи як бемор озмоиш карданд ва пас аз 48 соат ҳеҷ асаре аз бемории коронавирус дар вай мушоҳида нашуд.

Доктор Криганска Атипорванович пизишки тайландӣ гуфт, ин равиши қатъӣ барои дармони вирус нест, аммо то ҳудуди зиёде ҳоли беморонро беҳбуд мебахшад.

Мақомоти беҳдоштии Чин пештар аз оғози таркиби доруи дармони СПИД ва зуком барои муқобила бо коронавируси нав хабар дода буданд.

Дар Тайланд 19 мавриди ибтило ба коронавирус шиносоӣ шудааст.

Вазорати беҳдошти Чин бомдоди имрӯз душанбе эълом кард, бо марги 56 нафари дигаре аз мубталоён ба коронавирус шумори қурбониёни ин беморӣ ба 360 тан расидааст.

Коронавирус, ки аз шаҳри Вуҳани Чин густариш ёфт, то кунун ҳудуди 14 ҳазору 562 нафарро мубтало кардааст.