Сентябр 29, 2016 14:02 Asia/Dushanbe
  • Имзои тавофуқномаи сулҳ тавассути раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон

Гулбиддин Ҳикматёр-раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон, тавофуқномаи сулҳи давлати Афғонистонро имзо кард.

Ба гузориши радио пашту бурунмарзии Садо ва симо, раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон аз тариқи видеоконфронс, ин тавофуқномаро имзо кард.

Ашраф Ғанӣ- раисиҷумҳури Афғонистон баъдан тавофуқномаи сулҳро имзо мекунад. Пешнависи тавофуқномаи сулҳ миёни давлати Афғонистон ва Ҳизби исломӣ, панҷшанбаи гузашта имзо шуд.

Намояндагони Ҳизби исломӣ, Шӯрои олии сулҳ ва Ҳаниф Атмар, мушовири амнияти миллии риёсатҷумҳурии Афғонистон, ин тавофуқномаро имзо карданд. Дар ин тавофуқнома ду тараф дар муқобили якдигар тааҳҳудот доранд.

Ҳизби исломӣ аз гурӯҳҳои мухолифи давлати Афғонистон маҳсуб мешуд, ки аъзои он дар понздаҳ соли гузашта бо нерӯҳои афғон ва хориҷӣ меҷангиданд.

Намояндагони Ҳизби исломӣ, Шӯрои олии сулҳ ва Ҳаниф Атамар мушовири амнияти миллии риёсатҷумҳурии Афғонистон, ин тавофуқномаро имзо карданд.

Дар ин тавофуқнома ду тараф дар муқобили якдигар тааҳҳудот доранд.