Феврал 16, 2020 10:46 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди давлати Афғонистон бар омодагии Толибон барои поёни ҷанг

Дафтар матбуотии раёсат ҷумҳурии Афғонистон дар баёнияе таъкид кард, бар асоси тавофуқи сулҳ миёни Толибон ва Амрико, ин гуруҳ ҳозир шудааст ба ҷангу ҳамлаҳо дар ин кишвар поён диҳад.

Ба нақл аз Тасним, дар баёнияи рӯзи шанбеи Дафтар матбуотии раёсат ҷумҳурии Афғонистон омадааст, Майк Помпео ва Марк Аспер вазирони хориҷа ва дифои Амрико ҷумъашаб бо Ашраф Ғанӣ раиси ҷумҳури Афғонистон дар ҳошияи нишасти амниятии Мюнхен дар Олмон дидор ва эълом карданд, тавофуқи сулҳ бо Толибон ба таври машрут дар ҳафтаҳои оянда ниҳоӣ мешавад.

Ин баёния афзуд, дар ин дидор ҳамчунин дар бораи шеваи назорат ва чигунагии моликияти раванди сулҳ тавассути давлати Афғонистон баҳсу табодули назар шудааст.

Ин иддаои мақомоти баландпояи Амрико дар бораи тавофуқи ба истилоҳ сулҳ бо Толибон дар ҳолест, ки ин гуруҳ то кунун дар ин бора ҳеҷ изҳори назаре накарда ва пеш аз ин танҳо роҳи барқарории сулҳу поёни ҷанг дар Афғонистонро машрут ба хуруҷи ишғолгарон аз ин кишвар дониста буд.

Бо ин ҳол давлати Афғонистон дар як соли гузашта нисбат ба музокироти Амрико ва Толибон дар Қатар дар ҳошия қарор дошт ва ҳамвора ба раванди сулҳ ба раҳбарии Кобул таъкид мекард.

Барчасп