Дархости Гутерриш аз Ҳинд барои ҳамроҳӣ бо Созмони Милал дар хусуси Кашмир
(last modified 2020-02-19T16:35:23+00:00 )
Феврал 19, 2020 21:35 Asia/Dushanbe
  • Дархости Гутерриш аз Ҳинд барои ҳамроҳӣ бо Созмони Милал дар хусуси Кашмир

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар поёни сафари серӯза ба Покистон, бо ёдоварии мавзӯи Кашмир, аз давлати Ҳинд хост ба раъйи Созмони Милал эҳтиром бигузорад.

Ҳинд ва Покистон ба раъйи Созмони Милал ва Шӯрои амният амал кунанд ва ба мардуми Кашмир ҳаққи таъйини сарнавишти худашонро бидиҳанд.

Дабири кулли Созмони Милал ба мавзӯи Афғонистон низ ишора кард ва афзуд, умедвор аст талошҳо барои ба натиҷа расидани сулҳ дар Афғонистон ҳарчӣ зудтар ба натиҷаи ниҳоӣ бирасад.

Дархости Гутерриш аз Ҳинд дар хусуси Кашмир дар шароите баён мешавад, ки ду рӯз қабл Вазорати хориҷаи Ҳинд пешниҳоди Созмони Милал барои миёнҷигарӣ дар хусуси ҳалли масъалаи Кашмир таҳти контроли Деҳлии Навро рад кард.

Дабири кулли Созмони Милал рӯзи якшанбеи шонздаҳуми феврал бо ибрози нигаронӣ аз ташдиди танишҳо миёни Покистон ва Ҳинд дар як соли гузашта бар сари Кашмир, аз тарафайн хост бо ҳаддиаксари хештандорӣ, дипломатия ва музокираро барои ҳалли ихтилофот муқаддам бишуморанд.

Ҳинд пеш аз ин низ бо пешниҳоди миёнҷигарии Созмони Милал дар хусуси масъалаи Кашмир мухолифат карда, аммо дар муқобил Покистон то кунун чанд бор дар маҷомеи байналмилалӣ масъалаи ин минтақаро матраҳ кардааст.