Феврал 24, 2020 12:36 Asia/Dushanbe
  • Сандуқи байналмиллалии пул:коронавирус иқтисоди ҷаҳониро таҳдид мекунад

Сандуқи байналмиллалии пул дар баёнияе эълом кард, ки шуюи коронавирус метавонад беҳбуди иқтисоди шиканандаи ҷаҳонро дар маърази хатар қарор диҳад.

Ба нақл аз Франс24, баёнияи Сандуқи байналмиллалии пул дар мавриди таъсири коронавирус бар рушди иқтисодӣ дар ҳолест, ки вазирони молии кишварҳои Гурӯҳи 20 дар Риёз пойтахти Арабистон гирди ҳам омадаанд, то дар мавриди равишҳои маҳори таъсироти коронавирус бар иқтисоди ҷаҳонӣ гуфтугӯ кунанд.

Кристалина Ҷорҷива раиси Сандуқи байналмиллалии пул баъд аз нишасти дурӯзаи Гурӯҳи 20 гуфт, рушди ҷаҳонии имсол баъд аз бозгашти миёна ба 3.3 дарсад расид, ки ин рақам дар соли гузашта 2.9 дарсад буда ва раванди бозгашт бисёр шиканандааст.

Вай афзуд, коронавирус фаолияти иқтисодии Чинро мухтал кардааст ва метавонад раванди беҳбуди рушди ҷаҳониро низ дар маърази хатар қарор диҳад.

Тибқи охирин ахбори расмӣ то рӯзи якшанбе дар маҷмӯъ 78 ҳазору 724 нафар дар сатҳи ҷаҳон мубтало ба коронавирус шуданд, ки 76 ҳазору 936 нафарашон дар Чин ҳастанд.

Аз ин маҷмӯъ 2 ҳазору 462 нафар фавт кардаанд, ки ду ҳазору 442 нафари онҳо  чинӣ ҳастанд.

 

Барчасп