Феврал 25, 2020 12:36 Asia/Dushanbe
  • Баста шудани дарҳои зареҳи мутаҳҳари амиралмуъминин

Дарҳои зареҳи мутаҳҳари амиралмуъминин баста шуд.

Фақат дарҳои атрофи зареҳи мутаҳҳар барои анҷоми шустушӯи зареҳ ва муҳити атроф бо маводи химиёӣ баста шудааст ва боз шудани он низ ба суръат имконпазир нест.

Ба нақл аз Ҳавза, ҳамзамон бо интишори коронавирус дар Эрон ва мушоҳидаи мавориди маъдуди ибтило ё машкук ба ин беморӣ дар кишвари Ироқ, имрӯз хабаре бар асоси масдуд шудани дарҳори ҳарами амиралмуъминин дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шуд, ки албатта тавзеҳе дар ин робита дар пойгоҳи иттилоърасонии ҳарами мутаҳҳар мунташир нашудааст.

Дар ҳамин робита пойгоҳи ироқии Нос бо интишори хабаре дар ин замина аз қавли яке аз масъулони ҳарами мутаҳҳар эълом кард, ки фақат дарҳои атрофи зареҳи мутаҳҳар барои анҷоми шустушӯи зареҳи мутаҳҳар ва муҳити атроф бо маводи химиёӣ баста шудааст ва боз шудани он низ ба суръат имконпазир нест, зеро амалиёти шустушӯ шомили чанд марҳилааст, аммо пас аз анҷоми комили шустушӯ дарҳои зареҳ боз хоҳад шуд.