Феврал 25, 2020 14:06 Asia/Dushanbe
  • Идомаи ҷаноҷоли сиёсӣ дар Афғонистон

Ғанӣ ва Абдуллоҳ маросими ҷудогонаи савгандёд раёсатҷумҳурӣ баргузор мекунанд.

Ба нақл аз Форс, Муҳаммадашраф Ғанӣ,- раисиҷумҳурии феълӣ, ки Камиссиони мустақили интихобот ӯро ғолиби интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон эълом кард, ахиран камиссионеро барои баргузории маросими савгандёди худаш ташкил додааст.

Дар муқобил, Абдуллоҳ Абдуллоҳ рақиби интихоботии Ашраф Ғанӣ дар идомаи муаррифии вилоятдорони нав барои ташкили давлати фарогираш, эълом кардааст, ки маросими савгандёд баргузор мекунад.

Ба гузориши Иттилооти рӯзи Афғонистон ҳамзамон бо эҷоди Камиссиони баргузории маросими савгандёд тавассути Муҳаммадашраф Ғанӣ яке аз аъзои тими Абдуллоҳ Абдуллоҳ -раиси феълии иҷроии Давлати ваҳдати миллии Афғонистон ва рақиби интихоботии вай имрӯз ба расонаҳо гуфт, ки маросими таҳлифи оқои Абдуллоҳ то се рӯзи дигар дар Қасри Сипидор баргузор хоҳад шуд. Абдуллоҳ ҳамчунин баъд аз муаррифии Муҳаммаднур Раҳмонӣ ба унвони раиси вилояти нави Сарпул рӯзи якшанбе мавлавӣ Абдулҳай Ҳаёт, узви Шурои вилоятии Ҷавзҷонро ба унвони раиси нави ин вилоят таъин кард.

Дар ҳамин ҳол, Идораи мустақили нерӯҳои маҳаллӣ дар вокуниш ба муаррифии волиҳои нав аз сӯи Абдуллоҳ Абдуллоҳ мегӯяд, ки эътирозҳо ва ҳаракатҳои мадании мардум ҳаққи ҳар афғон аст, аммо агар касе назари оммаро бар ҳам занад, сармояҳои миллиро бо таҳдид рубару кунад ва монеи кори идораҳои давлатӣ шавад, аз сӯи ниҳодҳои адлӣ ва қазоӣ таъқиб хоҳад шуд.

Дастаи интихоботии субот ва ҳамгароӣ ба раҳбарии Абдуллоҳ Абдуллоҳ пас аз онки натиҷаҳои ниҳоии интихоботи раёсатҷумҳуриро напазируфта ва давлати "Ҳама шумул"-ро эълом кард, рӯзи шанбе, ин  ҳафта Муҳаммаднур Раҳмонӣ яке аз ашхоси наздик ба генерал Абдурашид Дустумро ба унвони волии вилояти Сарпул ва Иноятхон Ҳабибӣ аз ашхоси наздик ба Муҳаммад Муҳаққиқро ба ҳайси муовини молӣ ва идории ин вилоят таъин кард.

Ҳамзамон бо муаррифии волии нав барои вилояти Сарпул аз сӯи дастаи "Субот ва ҳамгароӣ", Камолиддин Низомӣ, волии вилояти Панҷшер низ аз барномаи Абдуллоҳ Абдуллоҳ бар асоси ташкили ҳукумати "Ҳама шумул" эъломи ҳимоят кард.

То кунун фақат масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, Ҳинд ва Кувайт пирӯзии Ашраф Ғаниро табрик гуфта, аммо Русия аз ҷанҷолҳои пешомада бар сари натиҷаи интихобот ибрози нигаронӣ кардааст.