Ҳушдори СҶБ дар бораи “корона”
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ба ҳама кишварҳо ҳушдор дод, ки тадобири лозимро барои муқобила бо вируси “корона” дар пеш гиранд ва таъкид кард, “корона” ба маънои воқеӣ пушти дарвозаи ҳар кишвар аст.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Кристиан Линдемейер, сухангӯи ин созмон рӯзи сешанбе дар нишасти хабарӣ дар Женева гуфт: «Мақомоти Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар Рим дидор карданд, то дар бораи тадобири дар назар гирифташуда дар кишвари Италия баҳсу ройзанӣ кунанд».
Кристиан Линдемейер дар айни ҳол таъкид кард, сафари намояндагони Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ба Эрон, ки қарор буд, рӯзи сешанбе анҷом шавад, ба таъвиқ афтодааст. Ӯ афзуд, бисёре аз кишварҳо барномаҳои ҳамагониро омода кардаанд ва бархе кишварҳои дигар мумкин аст, вобаста ба шароити худашон бар асоси он амал кунанд.
Дар ҳафтаҳои ахир вируси “корона” илова бар Чин дар кишварҳое мисли Кореяи Ҷанубӣ, Италия, Аморот, Лубнон ва Эрон мушоҳида ва ин масъала боиси афзоиши нигарониҳо дар бораи густариши бештари ин вирус дар сатҳи ҷаҳонӣ шудааст.