Апрел 01, 2020 20:13 Asia/Dushanbe
  • Идомаи карантини шаҳрҳо дар Афғонистон

Сухангӯи волии Бадахшон эълом кард: Бо сабти аввалин мавриди мусбати коронавирус дар ин вилоят, раванди карантини шаҳри Файзобод маркази Бадахшон оғоз шуд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Некмуҳаммад Назарӣ- сухангӯи волии Бадахшон рӯзи чаҳоршанбе гуфт: Карантини шаҳри Файзобод то се ҳафтаи оянда идома меёбад ва ғайр аз фурушгоҳҳои маводди ғизоӣ тамомии фурушгоҳҳо масдуд шуданд.

Сухангӯи волии Бадахшон афзуд: Агар касе аз қавонини карантин сарпечӣ кунад мутобиқи қонун бо ӯ бархурд мешавад.

То кунун вилоятҳои Кобул ва Ҳарот ба сурати куллӣ, Балх ва шумори дигаре аз вилоятҳои Афғонистон ба сурати нисбӣ карантин шудаанд.

Ҳамчунин, Ваҳидулло Моёр- сухангӯи Вазорати беҳдошт ва дармони Афғонистон эълом кард: Бо сабти 22 мавриди нави афроди мубтало ба бемории КОВИД-19 дар шабонарӯзи гузашта дар ин кишвар, шумори афроди мубтало ба 196 нафар афзоиш ёфт.

Вазорати беҳдошт ва дармони Афғонистон шумори беҳбудёфтагонро панҷ нафар ва теъдоди афроди ҷонбохта бар асари ин бемориро чаҳор нафар эълом кардааст.

Бар асоси эъломи Вазорати беҳдошт ва дармони Афғонистон, вазъияти ин беморӣ то ду ҳафтаи оянда вахимтар хоҳад шуд.