Нахуствазири Испания бо шеъри Саъдӣ ҳамватанонашро ба ҳамдилӣ даъват кард
(last modified Sun, 05 Apr 2020 05:38:55 GMT )
Апрел 05, 2020 10:38 Asia/Dushanbe
  • Нахуствазири Испания бо шеъри Саъдӣ ҳамватанонашро ба ҳамдилӣ даъват кард

Нахуствазири Испания дар суханронии телевизионии худ бо хондани шеъри Саъдӣ, шоири баландовозаи эронӣ хоҳони ҳамдилӣ ва иттиҳоди миллати Испания дар шароити шуюи коронавирус шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон; Педру Санчез, ки барои эъломи тамдиди  ду ҳафтаии карантин дар Испания бо мардуми ин кишвар сухан мегуфт афзуд: Дар ин замина аз ашъори Саъдӣ- шоири бузурги Эрон, ки шеъри ӯ дари вурудии Созмони Миллал навишта шуда ва беҳтарин мисол барои ҳамдилӣ, ҳамбастагӣ ва иттиҳоди башарият аст истифода кунам.

Вай бо хондани шеъри комили Саъдӣ ёдовар шуд, ки акнун Иттиҳоди Аврупо барои муқобила бо қарзҳо ва зарар ва зиёнҳои бархоста аз бемории коронавирус як зарурат аст ва Аврупо ин бор набояд моро ноумед кунад.

Бар асоси охирин омори давлати Мадрид, то имрӯз шумори кулли мубталоён дар Испания 124 ҳазору 736 нафар ва шумори ҷонбохтагон ёздаҳ ҳазору 744 тан аст.