Апрел 07, 2020 21:04 Asia/Dushanbe
  • Мақоми амрикоӣ: Ҷаҳон ба шароити пеш аз корона баранамегардад

Мудири Муассисаи миллии ҳассосият ва бемориҳои уфунии Амрико гуфт, ҷаҳон ҳаргиз ба риволи оддии қабл аз корона бознамегардад.

Ба гузориши пойгоҳи интернетии рӯзномаи “Дэйли мэйл”, Антони Фоуси, мудири Муассисаи миллии ҳассосият ва бемориҳои уфунии Амрико гуфт, ҷаҳон дигар ба даврони пеш аз корона бознамегардад ва ин вирус ҳар сол ба таври фаслӣ зоҳир хоҳад шуд.

Антони Фоуси  дар як нишасти хабарӣ дар Кохи Сафед дар посух ба суоли хабарнигоре дар бораи кашфи ваксинаи корона ва бозгашти Амрико ба риволи оддии пеш аз шуюи ин беморӣ афзуд, агар бихоҳед ба шароит пеш аз корона бозгардед, чунин чизе эҳтимолан ҳаргиз рӯй нахоҳад дод.

Вируси ҷадиди корона бо номи КОВИД-19, ки декабри соли 2019 дар Чин мушоҳида шуд ва акнун дар саросари ҷаҳон густариш ёфта, то кунун беш аз як миллиону 358 ҳазор нафарро мубтало кардааст. То кунун наздики 75 ҳазору 900 нафар низ дар ҷаҳон бар асари ин беморӣ ҷони худро аз даст додаанд.  

Амрико бо 367 ҳазору 650 мубтало дар садри ҷадвали кишварҳои олуда ба вируси корона қарор дорад.

 

Барчасп