Сандерз: Набояд иҷоза диҳем хатарноктарин раиси ҷумҳури таърихи модерни Амрико дубора интихоб шавад
(last modified 2020-04-15T10:33:36+00:00 )
Апрел 15, 2020 15:33 Asia/Dushanbe
  • Сандерз: Набояд иҷоза диҳем хатарноктарин раиси ҷумҳури таърихи модерни Амрико дубора интихоб шавад

Сенатор Берни Сандерз гуфт, ки ғайримасъулона хоҳад буд агар тарафдоронаш аз Ҷо Байден дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико ҳимоят накунанд; чаро, ки метавонад мунҷар ба интихоби дубораи Доналд Трамп шавад.

Берни Сандерз, сенатори демократ ва тараққихоҳи Амрико дар гуфтугӯ бо Ассошиэйтед-Пресс изҳор дошт: Оё метавонем дар интихоби Ҷо Байден фаол бошем? ё ин ки мо интихоб кунем канор бинишинем ва иҷоза диҳем хатарноктарин раиси ҷумҳури таърихи модерни Амрико дубора интихоб шавад?

Сандерз афзуд: Ман фикр мекунам ин барои ҳар касе ғайримасъулона аст, ки бигӯяд,  ман бо Ҷо Байден мухолиф ҳастам бино барин дахолате нахоҳам кард.

Ин изҳорти Берни Сандерз пас аз он матраҳ мешавад, ки дар пайи вогузории натиҷаҳои интихоботи демократҳо дар чандин иёлат, фаолиятҳои ситоди интихоботии худро мутаваққиф кард.

Санадерз дар идома хотир нишон кард: Ман ҳар коре, ки метавонам анҷом хоҳам дод то кумак кунам Ҷо (Байден) интихоб шавад. Мо як корзори баҳсбарангез доштем. Мо дар мавриди масоил ихтилофи назар дорем. Аммо ҳоло кори ман танҳо ин нест, ки тарафдоронамро ҷамъ кунам балки ҳар кореро, ки метавонам анҷом диҳам то ҳизбро гирдиҳам биёварам ва бубинам Трамп ба унвони раиси ҷумҳур интихоб нашавад.