Дидори фармондеҳи артиши Покистон бо Халилзод ва мақомоти аршади НАТО
Намояндаи вижаи Амрико барои сулҳи Афғонистон ва фармондеҳи нерӯҳои амрикоӣ дар ин кишвар бо фармондеҳи артиши Покистон дар Исломобод дидор кард.
Зулмай Халилзод, намояндаи вижаи Вазорати хориҷаи Амрико барои сулҳи Афғонистон ва генерал Скот Мюллер, фармондеҳи нерӯҳои амрикоӣ дар ин кишвар бо генерал Ҷовид Қамар Боҷво, фармондеҳи артиши Покистон дар Исломобод дидор кард.
Ба гузориши “Форс”, мақомҳои артиши Покистон дар ин дидор бори дигар ҳимояти худро аз талошҳои Иёлоти Муттаҳида дар бораи сулҳи Афғонистон эълом ва бар идомаи талошҳои худ барои ҳалли сиёсии буҳрони Афғонистон таъкид карданд.
Қарор аст имрӯз нишасти вузарои дифои кишварҳои узви созмони низомии НАТО дар Брюссел баргузор шавад.
Вузарои дифои НАТО дар нишасти имрӯз дар канори баррасии роҳҳои кумаки НАТО ба кишварҳои узви ин созмон, ки дар ҳоли мубориза бо ҳамагирии вируси корона ҳастанд, дар мавриди раванди сулҳи Афғонистон низ гуфтугӯ мекунанд.
Халилзод ва генерал Мюллер пеш аз ин бо намояндагони дафтари сиёсии Толибон дар Доҳаи Қатар гуфтугӯ карданд.