Вокуниши дипломати рус ба дархости Помпео барои тамдиди таҳрими низомии Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i52814-Вокуниши_дипломати_рус_ба_дархости_Помпео_барои_тамдиди_таҳрими_низомии_Эрон
Дипломати баландпояи рус ба дархости вазири хориҷаи Амрико аз Шӯрои амният барои тамдиди таҳрими низомии Эрон вокуниш нишон дод.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Апрел 19, 2020 09:23 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши дипломати рус ба дархости Помпео барои тамдиди таҳрими низомии Эрон

Дипломати баландпояи рус ба дархости вазири хориҷаи Амрико аз Шӯрои амният барои тамдиди таҳрими низомии Эрон вокуниш нишон дод.

 Михаил Улянов-намояндаи Русия дар созмонҳои байналмилалии мустақар дар Вена дар вокуниш ба дархости Майк Помпео-вазири хориҷаи Амрико барои тамдиди таҳрими низомии Эрон дар Шӯрои амният, рақобати низомиро зодаи иқдомоти қудратҳои бузург донист.

Улянов зимни ишора ба тветти зиддиэронии Помпео, навишт: Рақобати низомӣ маъмулан якҷониба нест. Ин як талоши ҷамъӣ дар сатҳи қудратҳои бузург ё бо заминаи минтақаӣ аст.

 Вай бо бефоида донистани таҳрим дар рафъи рақобати низомӣ, афзуд: Хатари рақобати низомиро ба сахтӣ метавон аз тариқи эҷоди таҳрим бар як кишвар аз байн бурд. Ин амр ба талошҳои ҷамъӣ аз тариқи музокирот ниёзманд аст.

 Помпео асри шанбе дар тветте, аз Шӯрои амнияти Созмони миллал хоста буд ба баҳонаи ҷилавгирӣ аз оғози рақобати силоҳии ҷадид дар ғарби Осиё, таҳрими низомии Эронро тамдид кунад.

 Тибқи яке аз бандҳои қатъномаи 2231, ки аз соли 2016 иҷроӣ шуд, Эрон то панҷ сол аз хариди силоҳҳои таҳоҷумӣ манъ шудааст. Ин банд аз қатънома дар октябри соли 2020 (меҳрмоҳ 1399) беэътибор мешавад ва пас аз он Эрон ин имконро хоҳад дошт, ки аз кишварҳои хориҷӣ ҷангафзор бихарад.