Аббос, агар тарҳи илҳоқи Каронаи Бохтарӣ иҷро шавад, даст баста нахомем монд.
(last modified 2020-04-23T07:09:19+00:00 )
Апрел 23, 2020 12:09 Asia/Dushanbe
  • Аббос, агар тарҳи илҳоқи Каронаи Бохтарӣ иҷро шавад, даст баста нахомем монд.

Раиси Ташкилоти худгардони Фаластин таъкид кард ; дар сурати илҳоқи арозии фаластинӣ, тавофуқҳоро лағв ва тасмимоти Шуроҳои миллӣ ва марказиро иҷро хоҳем кард.

Ба нақл аз ИСНО, Маҳмуд Аббос, раиси Ташкилоти худгардони Фаластин дар вокуниш ба изҳороти ахири Майк Пампео, вазири хориҷаи Амрико дар ҳимоят аз иҷроии тарҳи илҳоқи Каронаи Бохтарӣ ба арозии ишғолӣ,таъкид кард ; дар сурате,ки Исроил илҳоқи ҳар бахше аз арозии фаластиниҳоро эълон кунад, ҳаргиз дастбаста нахоҳем монд.

Раиси Ташкилоти худгардони Фаластин изҳор кард ; ба Амрико ва Исроил иттилоъ додаем,ки дар сурати чунин коре тамоми тавофуқҳо бо онҳоро лағв хоҳем кард.

Аббос гуфт ; тасмимоти ду Шурои миллӣ ва марказӣ равшан буда ва дар сурате,ки Исроил бахшҳое аз Каронаи Бохтариро мулҳақ кунад, ин тасмимҳоро иҷро хоҳем кард.