Апрел 24, 2020 18:59 Asia/Dushanbe
  • Нусхаи ҷанҷолии Трамп барои дармони вируси корона!

Раисҷумҳури Амрико пешниҳод дод, барои дармони беморони коронаӣ ба онҳо маводи зиддиуфуникунанда тазриқ шавад!

Ба гузориши “Эн Би Си Нюс”, Доналд Трамп ин пешниҳодро пас аз он матраҳ кард, ки Бил Браян, мудири бахши улуму фанноварӣ дар Вазорати амнияти дохилии Амрико гузорише аз як пажӯҳишро ироа кард, ки бар асоси он вируси корона ба муддати зиёд дар муҳити гарму мартуб зинда намемонад.

Пас аз ироаи ин гузориш тавассути Бил Браян, Доналд Трамп пешниҳод дод то бо тобондани нуру гармо бар бадани беморони коронаӣ ва ё тазриқи моддаи зиддиуфуникунанда, онҳоро дармон кунанд.

Раисҷумҳури Амрико мушаххас накард, ки чӣ навъ маводи зиддиуфуникунандаро тавсия мекунад.

Ин изҳороти Трамп билофосила бо вокуниши мутахассисон мувоҷеҳ шуд.

Доктор Вин Гупта, мутахассиси шуш ва коршиноси беҳдошти ҷаҳонӣ гуфт: “Пешниҳоди тазриқ ё масрафи ҳар гуна маҳсули поккунанда ба бадан ғайримасъулона ва хатарнок аст. Замоне, ки мардум мехоҳанд худро бикушанд, аз ин шева истифода мекунанд”.

Ҳамчунин доктор Стефан Ҳон, мудири Созмони ғизо ва доруи давлати федерали Амрико билофосила ба ҳарфҳои Трамп вокуниш нишон дод ва дархост кард, мардум чунин коре накунанд.

 

 

Барчасп