Бекор кардани конфронси хабарии рӯзонаи Трамп пас аз ҷанҷоли тазриқи маводдизиддиуфунӣ
Дар пайи ҷанҷоли ахири бавуҷудомада дар расонаҳои Амрико дар бораи суханони раиси ҷумҳури ин кишвар дар бораи тазриқи маводди зиддиуфунӣ барои аз байн бурдани вируси корона, Трамп аз бекор кардани конфронсҳои хабарии рӯзонаи худ хабар дод.
Ба нақл аз хабаргузории Форс, Доналд Трамп дар паёме дар Твиттер аз бекор кардани конфронсҳои хабарии рӯзонаи худ хабар дод.
Ин конфронси хабарӣ тайи тақрибан ду моҳ пеш ҳаррӯз баргузор мешуд ва Трамп дар бораи иқдомоти давлати худ барои муқобила бо шуйюи вируси корона суҳбат мекард.
Трамп дар паёми твиттерии худ навишт: Вақте, ки расонаҳо ҳеҷ чизе ҷуз саволоти хасмона намепурсанд, ҳадаф аз доштани конфронси хабарӣ дар Кохи Сафед чи чизе метавонад бошад? Онҳо оморҳоро сабт мекунанд, аммо мардуми Амрико ҳеҷ чизе ҷуз ахбори ҷаълӣ дарёфт намекунанд.Онҳо арзиши замон ва талоше, ки анҷом мешавадро надоранд.
Интиқодҳо аз Трамп пас аз он афзоиш ёфт, ки вай панҷшанбеи гузашта дар нишасти хабарии худ пурсид оё роҳе ҳаст то битавон маводди зиддиуфуникунандаро ба дохили бадан тазриқ кард ё бо он рияҳоро шустушӯ дод?
Шумори зиёде аз мақомоти Вазорати тандурустӣ ва пизишкони амрикоӣ билофосила ин пешниҳоди Трампро хатарнок тавсиф карданд ва аз мардум дархост карданд ба ҳеҷ унвон чунин равишҳоеро дар хона имтиҳон накунанд, аммо бо ин ҳол теъдоде аз шаҳрвандони Нию-Йорк ба далели масмумият бо маводди зиддиуфуникунанда ба бемористон мунтақил шудаанд.