Апрел 26, 2020 18:44 Asia/Dushanbe
  • Зариф ва Гуттереш бар ирсоли кумакҳои башардӯстона ба мардуми Яман таъкид карданд

Вазири умури хориҷаи Эрон ва дабири кулли Созмони Милали ؤуттаҳид бар лузуми боз шудан ва амнияти марзҳо ва бандарҳои Яман, барои ирсоли кӯмакҳои башардӯстона ба мардуми ин кишвар таъкид карданд.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дар гуфтугӯи телефонӣ бо Антонио Гуттереш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид бо баёни ин, ки бӯҳрони Яман роҳи ҳалли низомӣ надорад, гуфт:

Барқарории оташбаси пойдор, муқаддимае барои оғози раванди сиёсии ҳаллу фасли бӯҳрони Яман аст.

Дабири кулли Созмони Милал ҳам аз талошҳои Ҷумҳурии исломии Эрон барои оташбас дар Яман ва оғози гуфтугӯҳои сиёсӣ истиқбол кард.

Барчасп