Такзиби ахбори мунташиршуда дар бораи махалли иқомати президенти Россия
(last modified Mon, 27 Apr 2020 12:07:07 GMT )
Апрел 27, 2020 17:07 Asia/Dushanbe
  • Такзиби ахбори мунташиршуда дар бораи махалли иқомати президенти Россия

Сухангӯи Кремл дар суханони ахбори мунташир шуда дар бораи маҳалли иқомати президенти Россия замони шуюи коронаро такзиб кард. 

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Исно, Димитрий Пессков, сухангӯи Кремл шоеоти мунташир шуда дар бора маҳалли иқомати Владимир Путин, президенти Россия дар давраи корона аз ҷумла ин ки иддао шудааст, ки Путин дар минтақае дар Сибир ё вилояти байни Москва ва Петербург ё ҳатто дар маҳалли иқомати зерзамини ба сар мебарадро такзиб кард. 
 
 Вай дар ин бора гуфт: ҳеҷ як аз ин шоеот хақиқат надорад,  тамоми имконоти иртиботӣ дар ихтиёри ӯ қарор дорад ва вай тамоми дидорҳояшро дар мақарри кунуниаш "Ново-Огарева" ва ағлаб аз тариқи видео -конфронс анҷом медиҳад. 
 
Песков афзуд: Путин дидорҳои шахсиашро ба ҳадди ақал расондааст ва тайи ҳафтаҳои охир бо теъдоде аз вузаро ва намояндагони бахши банкӣ дидор кардааст. Путин ба муқаррароти ҳифзи фосилаи иҷтимоӣ пойбанд аст ва ба тамринот шиноии худ идома медиҳад. 
 
Сухангӯи Кремл дар бора шуюи корона дар Русия низ таъкид кард: муассиртарин иқдомот барои муқобила бо бемории ҳамагири корона марбут ба худқарнтинагӣ аст ва шаҳрвандони рус тайи даврае байни як то ду моҳ шоҳиди як пешрафт дар заминаи корона хоҳанд буд.