Май 06, 2020 09:03 Asia/Dushanbe
  • Фейсбук садҳо ҳисоби корбариро ба баҳонаи иртибот бо Эрон ҳазф кард

Ширкати Фейсбук рӯзи сешанбе эълон кард садҳо ҳисоби корбариро ба баҳонаи интишори паёмҳое дар ҳимоят аз ҳукумати Эрон ҳазф кардааст.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Фейсбук беироаи мустанадоти кофӣ муддаӣ шуда Садо ва Симои Эрон аз соли 2011 ба ин су, барои асаргузоштан бар райдиҳандагон дар кишварҳои мухталиф аз ҷумла Англис ва Амрико ва интишори паёмҳое дар ҳимоят аз Ҳукумати Эрон аз садҳо ҳисоби корбарии ҷаълӣ истифода кардааст.

Ин ширкат дар гузориши моҳонаи худ гуфта таи ҳафтаҳои гузашта ҳисобҳои корбарии мутаалиқ ба ҳашт шабакаро ба далели рафторҳои ҳамоҳанги ғайри воқеӣ муалақ кардааст. Мутобиқи ин иддао дасти кам яке аз ин шабакаҳо ба Садо ва Симои ҷумҳурии исломии Эрон муртабит будаанд.