Май 09, 2020 17:44 Asia/Dushanbe
  • Фишорҳои Чин бар Иттиҳодияи Аврупо дар бораи  коронавирус натиҷа дод

Нашрияи британияии Дейлимейл навишт: Иттиҳодияи Аврупо таслими фишорҳои Пекин шуд ва пазируфт аз иддаои Чин ба унвони манбаи интишори коронавирус ақибнишинӣ кунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз нашрияи Дейлимейл, Иттиҳодияи Аврупо пас аз фишори Вазорати умури хориҷаи Чин, тасмим ба ҳазфи яке аз мавзӯъҳо дар ин нома гирифт, ки мегӯяд коронавирус  аз Чин сарчашма гирифтааст.

Иттиҳодияи Аврупо пас аз муттаҳам кардани Чин ба интишори ахбори дурӯғин дар бораи коронавирус, таҳти фишори Пекин қарор гирифт то мавзӯи интишори ин вирус аз Чинро аз номаи худ ҳазф кунад.

Ба навиштаи  Дейлимейл, Чин дар пайи он аст, ки монеъ аз анҷоми таҳқиқоте шавад, ки нишон диҳад сарманшаи коронавирус он кишвар аст.

Дар ин миён, Амрико аз қатъномаи Созмони Миллали Муттаҳид барои таҳқиқ дар бораи маншаи пайдоиши ин вирус ҳимоят карда ва ин мавзӯъ ба ҷанги лафзии Вашингтон ва Пекин доман задааст.

Ҷанги лафзии Вашингтон ва Пекин бар сари коронавирус аз онҷо шуруъ шуд, ки Трамп иддао кард маншаи шуйюи коронавирус, озмоишгоҳе дар шаҳри Вухани Чин будааст.

Чин низ эълом кард, ки артиши Амрико омили интишори ин вирус будааст.

 

Барчасп