Май 10, 2020 20:36 Asia/Dushanbe
  • Муовини Билл Клинтон: Трамп шикастхӯрда аст

Муовини собиқ раисҷумҳури Амрико бо зери суол бурдани амалкарди раисҷумҳури феълӣ, вайро фарде шикастхӯрда тавсиф кард.

Алберт Гор, муовини Билл Клинтон, раисҷумҳури собиқи Амрико дар мавриди амалкарди  Доналд Трамп, раисҷумҳури феълӣ, дар муқобила бо коронавирус, дар гуфтугӯ бо шабакаи CNN гуфт: Трамп ин кишварро бар ҳасби омад ва иқбол пеш мебарад ва ба унвони раисҷумҳур фарде шикастхӯрда аст.

Алберт Гор афзуд: Амрико дар шароити вахиме қарор гирифтааст.

Муовини Билл Клинтон афзуд: Трамп ҳушдорҳоро дар мавриди хурӯҷи коронавирус нодида гирифтааст ва пас аз он, дар таъмини ниёзҳо барои муқобила бо ин ҳамагирӣ муртакиби қусур шудааст.

 

Барчасп