Май 19, 2020 09:57 Asia/Dushanbe
  • Дармони бемории коронавирус бо Гидроксихлорохин

Пизишки тоҷик гуфт: Бо истифода аз Гидроксихлорохин ва Азитромитсин метавон бемории коронавирусро дармон кард.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Абдуллоҳ Давлатов- пизишки тоҷике аст, ки дар Маскав зиндагӣ мекунад ва ба иллати дармони беморони коронаӣ ба ин беморӣ дучор шуд.

Давлатов гуфт: Ба тадриҷ бо мушкилоти танаффусӣ рӯбарӯ шудам мизони оксигени хунам 95 дарсад буд, ки ин ҳушдор буд аммо бонги хатар набуд. Пизишки тоҷикро томографии компутарӣ карданд, ки бемории коронавируси ӯро таъйид кард.

Ӯ мегӯяд, бо чораҳои пешгирӣ муваффақ шудам дар муддати се рӯз худро дармон кунам.

Абдуллоҳ Давлатов гуфт: Бо истифода аз Гидроксихлорохин ва Азитромитсин тавонистам бемориро дармон кунам вале масрафи ин доруҳо фақат бояд тибқи тавсияи пизишк бошад.