Тавсияи кароноии Пелоси ба Трамп; ҳар чизеро нахӯр
(last modified Tue, 19 May 2020 17:59:16 GMT )
Май 19, 2020 22:59 Asia/Dushanbe
  • Тавсияи кароноии Пелоси ба Трамп; ҳар чизеро нахӯр

Изҳороти ғайритахассусии Раиси Ҷумҳурии Америка дар бораи дармони корона, тавсияи танзомези раиси маҷлиси намояндагони ин кишварро ба ӯ дар пай дошт.

Ба гузориши шабакаи хабарии СНН, Доналд Трамп, ки пештар ба беморони короноӣ пешниҳод карда буд то хурдани маводи шуяндаро имтиҳон кунанд, ин бор гуфтааст, ки бидуни таҷвизи пизишк, рӯзона як қурси гидроксихлорохин мехурад,то корона нагирад. 

Ин қурс дар дармони малярия ба кор мервад ва бар хилофи иддаои Трамп, таъсири он дар пешгирӣ аз корона мавриди тайиди мароҷеи пизишкӣ нест. 

Дар вокуниш ба ин изҳори назари ғайриилмии Трамп, Ненси Пелоси раиси демократии маҷлиси намояндагони Америка дар гуфтугӯ бо СНН, бо лаҳни танзомез гуфт: ба рағми ҳамаи ихтилофҳои мавҷуд, Трамп раиси ҷумҳурии мо аст ва тарҷеҳам инаст, ки вай бо таваҷҷуҳ ба чоқии беморгунае, ки дорад, ҳар чизеро нахӯрад.

Бӯҳрони корона ба абзоре барои ҳамлаи лафзии ду ҳизби демократ ва ҷумҳурихоҳи Америка дар соли интихоботи раёсати ҷумҳурӣ табдил шудааст.