Сездаҳумин иҷлоси ҳамкории Қазоқистон ва Русия
Сездаҳумин иҷлоси ҳамкориҳои байниминтақаии Қазоқистон ва Русия рӯзи душанбе (сеюми октябр), бо ҳузури намояндагони ширкатҳои бузурги ду кишвар дар Остона-пойтахти Қазоқистон оғоз ба кор кард
Дар ин ҳамоиши ду рӯза, мавзуҳое аз қабили нақлиёт ва ҳамлу нақл, тадорукот, санъати гардишгарӣ, ҳазфи мавонеъ ва маҳдудитҳо дар ҳавзаи тиҷорат ва дигар масоили муҳими ҳамкориҳои муштараки ду кишвар, мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Қарор аст, раисони ҷумҳурии Русия ва Қазоқистон дар маросими поёнии ин ҳамоиш ширкат кунанд ва дар ҳузури онон, 30 тавофуқнома дар заминаи саноати ғизоӣ, химия, металлургия, навоварӣ, муҳандисӣ, дорусозӣ ва масолеҳи сохтмонӣ, тавассути намояндагони ду кишвар имзо шавад. Ҳадаф аз баргузории ин нишаст ва низ ҳузури раҳбарони Маскав ва Остона дар маросими поёнии он, густариши ҳамкориҳои Русия ва Қазоқистон аст.
Гуфта мешавад, масоили марбут ба равобити ду кишвар дар чорчуби ҳамкориҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва дигар созмонҳои минтақаӣ низ, аз ҷумла мавзуҳои музокироти раҳбарони ду кишвар хоҳад буд. Дар ин миён, ду тараф бар ҳамкорӣ дар заминаи ҳамлу нақл, фаъолитҳои фазоӣ ва коҳиши мавонеи тиҷорӣ миён ду кишвар таъкид доранд.
Агар ба ин маҷмуа, сафари ахири Сергей Шойгу-вазири дифои Русия ба Қазоқистон ва таъкиди вазирони дифои ду кишвар бар густариши ҳамкориҳои амниятӣ ва низомии ду тарафро бияфзоем, онгоҳ метавон ба аҳамияти стратегии ҳамкориҳои Остона ва Маскав пай бурд. Ба вижа, ки дар сафари Сергей Шойгу ба остона ва гуфтугӯи вай бо ҳамтои қазоқи худ, масоили марбут ба ҳамкории низомӣ ва низ ироаи таҷҳизоти низомии Русия ба Қазоқистон ва мушорикати стратегии ду кишвар мавриди баҳс қарор гирифт.
Дар баррасии муносиботи Қазоқистон ва Русия, наметавон ҳамкории ду кишварро дар арсаи энергӣ, нодида гирифт. Ду кишвар аз замистони соли 2014 то кунун дар пайи дастёбӣ ба тавофуқ барои тавсеаи ду майдони нафт ва газ дар Дарёи Хазар ҳастанд. Имзои тавофуқномаи тамдиди ҳамкориҳои нафтии ду кишвар то соли 2025 тавассути намояндагони ду кишвар дар ҳамин росто қобили арзёбӣ аст.
Бар асоси ин тавофуқнома, ду кишвар ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодии худро дар заминаи таъмини нафти хом ва маҳсулоти полоишӣ, то соли 2025 тамдид карданд. Ин ҳамкориҳое, ки дар пайи ҳар бор, баргузории иҷлоси давраӣ ва муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Русия ва Қазоқистон, ба тақвияти муносиботи ду кишвар дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ амниятӣ, тиҷорӣ ва бозаргонӣ кӯмак кардааст ва иҷлоси сездаҳум низ аз ин қоида мустасно нахоҳад буд. Ҳузури раисони ҷумҳурии Русия ва Қазоқистон дар маросими поёнии ин иҷлос низ нишонаи аҳамияти муносиботи ду кишвар ва низ таъкиди тарафайн бар таҳким ва тақвияти ҳамкории стратегии дуҷониба аст.