Бозгашти нахустин гурӯҳ аз шаҳрвандони хориҷӣ ба Чин
(last modified Sat, 30 May 2020 14:19:01 GMT )
Май 30, 2020 19:19 Asia/Dushanbe
  • Бозгашти нахустин гурӯҳ аз шаҳрвандони хориҷӣ ба Чин

Бо коҳиши хатари мубтало шудан ба вируси корона дар Чин, нахустин гурӯҳ аз шаҳрвандони хориҷӣ вориди ин кишвар шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симои Эрон, пас аз эъломи коҳиши хатари олуда шудан ба вируси корона дар Чин, як ҳавопаймои мусофирбарӣ бо ҳудуди 200 мусофир, ки аксарашон кормандони олмонӣ буданд, рӯзи шанбе дар фурудгоҳи Тянҷин дар ҷануби шарқи Пекин ба замин нишаст.

Ҳавопаймои дуввум низ қарор аст севвуми моҳи июн аз Франктфурт ба мақсади Шанхай парвоз кунад.

Ин парвоз ба касоне, ки ҳузурашон дар Чин ба далелҳои иқтисодӣ, бозаргонӣ, илмӣ, техникӣ ва ё ба далелҳои изтирории башардӯстона зарурӣ аст, ихтисос дорад.

Чин ба унвони аввалин кишвари даргири вируси корона дар ҷаҳон дар поёни моҳи март аз тарси густариши дубораи ин вирус, марзҳояшро ба рӯйи тамомии касоне, ки виза дар ихтиёр доштанд аз ҷумла касоне, ки иҷозатномаи иқомат дарёфт карда буданд, баст.

Бино бар эъломи Созмони нақлиёти  ҳавоии ғайринизомии Чин, теъдоди парвозҳои байналмиллалӣ байни ин кишвар ба дигар нуқоти ҷаҳон қарор аст душанбе аз 134 парвоз ба 407 парвоз дар ҳафта афзоиш ёбад.