Боздошти духтари шаҳрдори Нию-Йорк ба хотири ширкат дар тазоҳуроти зидди нажодпарастӣ
(last modified 2020-06-01T09:50:58+00:00 )
Июн 01, 2020 14:50 Asia/Dushanbe
  • Боздошти духтари шаҳрдори Нию-Йорк ба хотири ширкат дар тазоҳуроти зидди нажодпарастӣ

Духтари шаҳрдори Нию-Йорк ба далели ширкат дар эътирозоти зидди нажодпарастӣ дар Амрико боздошт шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи интернетии шабакаи CNN, полиси Нию-Йорк рӯзи душанбе эълом кард: Чиара Ди Блазио (Chiara de Blasio)- духтари шаҳрдори Нию-Йорк ба далели ширкат дар "таҷаммуоти ғайриқонунӣ" боздошт шуда, аммо чанд соат баъд озод шудааст.

Духтари шаҳрдори Нию-Йорк дурага ва ҳосили издивоҷи Бил Ди Блазио бо Чирлин Мак Крей (Chirlane McCray) аз сиёҳпӯстони Амрико аст.

Шаҳрдори Нию-Йорк худ низ рӯзи шанбе дар ҳисоби твиттерияш дар бораи эътирозоти ахир дар Амрико навишт: Он чи шоҳид ҳастем саррез шудан [норизоитӣ аз]-и даҳаҳо беадолатӣ аст. Ба андозае иттилоот дорам, ки бигӯям нажодпарастӣ ба зиндагии ҷомеаи сиёҳпӯстон рахна кардааст. Беҳтар аз ин амал хоҳем кард.

Шумори муътаризони боздоштшуда ба дасти полиси Амрико дар эътирозоти рӯзҳои ахир, ба чаҳор ҳазору 100 нафар расидааст ва панҷ шаҳрванд низ ҷони худро аз даст додаанд.

 

Барчасп