Ду бор ташаккури Трамп аз Эрон зарфи чанд соат
(last modified 2020-06-05T13:02:15+00:00 )
Июн 05, 2020 18:02 Asia/Dushanbe
  • Ду бор ташаккури Трамп аз Эрон зарфи чанд соат

Раисҷумҳури Амрико дар ҳоле, ки чанд соат қабл аз Эрон ба хотири озодии Майкл Войт, шаҳрванди амрикоӣ ташаккур карда буд, пас аз расидани Войт ба Амрико низ бори дигар аз Теҳрон сипосгузорӣ кард.

Ба гузориши ИРНА, Доналд Трамп бо ишора ба вуруди Майкл Войт ба хоки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико навишт: “Хеле олӣ аст, ки Майкл ба хона бозгашта аст. Хеле ҳаяҷонангез аст. Ташаккур аз Эрон”.

Трамп ҳамчунин бори дигар тамоюли худро барои боз кардани боби музокира бо Эрон нишон дод ва аз Эрон хост, барои расидан ба тавофуқи бузург то баъд аз интихоботи Амрико мунтазир намонад.

Вай бо иддаои ин ки дар интихоботи ноябр пирӯз мешавад, хитоб ба ҷумҳурии исломӣ гуфт, ба тавофуқи беҳтаре даст хоҳед ёфт.

Раисҷумҳури Амрико ҳамчунин сооте пеш бо интишори паёме дар сафҳаи расмии Твиттери худ, бо ташаккур аз Эрон навишта буд, ин (табодули зиндониён) нишон медиҳад, ки муомила имконпазир аст!

Январи соли 2018 сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар конфронси хабарӣ эълом кард, ки як шаҳрванди амрикоӣ ба номи Майкл Войт дар шаҳри Машҳад боздошт шудааст.

Бар асоси гузоришҳо, ин шаҳрванди амрикоӣ дар Эрон ҷароими амниятӣ ва низ чанд шокии хусусӣ дошта ва пас аз расидагӣ ба парванда, ба 10 соли зиндон маҳкум шуда буд, ки пас аз ҷалби ризояти шокиён ва гузаронидани ҳудуди ду сол зиндон, рӯзи панҷшанбеи чаҳоруми июн озод шуд.

Давлати Амрико низ доктор Маҷиди Тоҳирӣ, пизишк ва донишманди эрониро, ки ба иттиҳоми нақзи қонунҳои таҳрими Эрон дар Амрико зиндонӣ шуда буд, озод кард.

 

Барчасп