Коҳиши маҳбубияти Трамп ба пойинтарин ҳад дар муддати як сол
Ҳамзамон бо густариши эътирозоти зидди нажодпарастӣ дар Амрико мизони маҳбубияти раиси ҷумҳури ин кишвар бо коҳиши шаш дарсадӣ, ба 44 дарсад расидааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симои Эрон, бар асоси натоиҷи тозатарин назарсанҷии Hill-HarrisX, ки дар миёнаи нооромиҳои густурда ва билотаклифии иқтисодӣ дар Амрико анҷом шуда, маҳбубияти Доналд Трамп ба пойинтарин мизон дар тӯли як сол расидааст.
Натиҷаҳои ин назарсанҷӣ, ки ин ҳафта сурат гирифтааст нишон медиҳад фақат 44 дарсад аз раъйдиҳандагон аз амалкарди раиси ҷумҳури Амрико розӣ ҳастанд ва 56 дарсад аз амалкарди вай норозӣ будаанд.
Ин нахустин бор аст, ки мизони маҳбубияти Трамп аз моҳи март ба зери 50 дарсад расида ва камтарин мизони маҳбубият дар як назарсанҷӣ дар тӯли як сол аст.
Ин назарсанҷии ҷадид байни душанбе то панҷшанбеи гузашта ва ҳамзамон бо эътирозот дар шаҳрҳои бузург ба қатли Ҷорҷ Флойд- шаҳрванди сиёҳпӯсти амрикоӣ ба дасти полиси Миннеаполис дар иёлати Миннесота анҷом шудааст.