Истеъфои раиси полиси Атлантаи Амрико ба далели кушта шудани як сиёҳпӯст
Раиси полиси Атлантаи Амрико ба далели кушта шудани як ҷавони сиёҳпӯсти 27 сола ба дасти маъмурони полиси ин шаҳр, аз симати худ канорагирӣ кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи хабарии Ҳил, Кейша Ланс Ботомз (Keisha Lance Bottoms)- шаҳрдори Атланта дар нишасти хабарие истеъфои Эрика Шилдз- раиси полиси ин шаҳрро эълом кард ва ихроҷи фаврии маъмуреро, ки боиси қатли шаҳрванди сиёҳпӯст шуда буд хостор шуд.
Рӯзи шанбе Дафтари таҳқиқоти Ҷорҷия ба нақл аз Идораи полиси шаҳри Атланта аз кушта шудани як марди сиёҳпӯст ҳангоми порки худрав дар муҳавватаи як ресторан хабар дод.
Тасовире, ки аз даргирии ду маъмури полис бо ин шахс мунташир шуда нишон медиҳад онҳо баъд аз ноком мондан дар боздошти марди ҷавон бо аслиҳаи барқӣ (taser) ба вай тирпаронӣ мекунанд.
Полиси Ҷорҷия эълом карда, ки марди сиёҳпӯст баъд аз ин ҳодиса ба бемористон мунтақил шуд, аммо баъд аз амали ҷарроҳӣ даргузашт.
Кушта шудани як сиёҳпӯсти дигар ба дасти полиси Амрико дар ҳоле иттифоқ афтод, ки тазоҳуроти зидди нажодпарастӣ дар ин кишвар ҳамчунон идома дорад.