Норизоятии аксари амрикоиҳо аз амалкарди Трамп
https://parstoday.ir/tg/news/world-i54530-Норизоятии_аксари_амрикоиҳо_аз_амалкарди_Трамп
Натиҷаи назарсанҷии нав нишон медиҳад аксари амрикоиҳо аз амалкарди раиси ҷумҳури Амрико норозӣ ҳастанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 15, 2020 08:54 Asia/Dushanbe
  • Норизоятии аксари амрикоиҳо аз амалкарди Трамп

Натиҷаи назарсанҷии нав нишон медиҳад аксари амрикоиҳо аз амалкарди раиси ҷумҳури Амрико норозӣ ҳастанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи хабарии CNN, назарсанҷии нави Муассисаи Голуп нишон медиҳад танҳо 39 дарсад аз мардуми Амрико аз амалкарди Доналд Трамп ба унвони раиси ҷумҳури ин кишвар ризоят доранд дар ҳоле, ки 57 дарсад аз амалкарди вай ибрози норизоятӣ кардаанд.

Бо таваҷҷуҳ ба натиҷаҳои кунунии назарсанҷиҳо ба назар мерасад мизони ризоят аз раиси ҷумҳури Амрико дар интихоботи раёсатҷумҳурии ноябри 2020  камтар аз 50 дарсад бошад.

Пеш аз ин шабакаи NBC гузориш дода буд, дар шароите, ки панҷ моҳ ба интихоботи риёсатҷмҳурии Амрико боқимонда вазъияти раиси ҷумҳури Амрико дар назарсанҷиҳо ба шароити хатар расидааст.

Тибқи ин гузориш, миёнгини амалкарди Трамп дар назарсанҷии муассисаи "Real Clear Politics" ба 42 дарсад расида, ки поинтарин рақам аз соли гузаштаи 2019 аст.

Трамп ба таври миёна дар назарсанҷиҳо ҳашт дарсад аз Ҷо Байден- номзади аслии Ҳизби демократ ақиб афтодааст.  

Эътирозоти зиддинажодпарастӣ ва таъсири манфии густариши вируси корона бар иқтисоди Амрико муҷиби норизоятии аксари мардуми Амрико аз Трамп шудааст.