Русия: Ҷаллодони кӯдаки фаластинӣ мавриди ҳимояти Амрико ҳастанд
Сухангӯи вазорати хориҷаи Русия бо ишора ба ҷинояти террористҳо дар сар буридани як кӯдаки 12 солаи фаластинӣ дар Сурия, ин гурӯҳи террористиро мавриди ҳимояти Амрико донист ва гуфт, ин террористҳо аз сӯи бархе кишварҳо бо сифати мухолифони миёнарав тавсиф мешаванд.
Вай гуфт, бар асоси иттилооти мавҷӯд, афроди мусаллаҳ, ки сари як кӯдаки фаластиниро ҷудо ва аз ин иқдом филмбардорӣ карданд, мавриди ҳимояти Амрико ҳастанд.
Ба гузориши ИРНА, Мария Захарова-сухангӯи вазорати хориҷаи Русия, гуфт, ин террористҳо, ки аз сӯи бархе кишварҳо бо сифати мухолифони миёнарав тавсиф мешаванд, кӯдакро фақат ба гумони ин ки бо тарафдорони Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия ҳамкорӣ кардааст, бо ин шева ба қатл расонданд.
Захарова афзуд, кӯдаки мақтӯл наздики Ҳалаб дастгир шуда буд ва нишонаҳои мавҷӯд рӯи бадан ва дастони қурбонӣ низ нишон медиҳад, ки пеш аз қатл шиканҷа шуда буд.
Вай таъкид кард, ин гурӯҳҳои террорист ҳастанд, ки ҳеч тасаввуре аз арзишҳои инсонӣ дар ҷаҳон надоранд.
Гурӯҳи террористии мавриди ҳимояти Амрико мавсӯм ба "Нуриддин Занкӣ", ҳафтаи гузашта бо ҳамла ба урдӯгоҳи фаластиниён, наздики шаҳри Ҳалаби Сурия, барои интиқомгирӣ аз муқовимати фаластиниён, як кӯдаки 12-ро дар баробари дидагони ҳама бо корд сарбуриданд ва филми онро низ ба иштирок гузоштанд.