Дар бораи бузургтарин куштор дар Аврупо пас аз Ҷанги ҷаҳонии дувум чи медонед?
(last modified 2020-06-28T05:47:26+00:00 )
Июн 28, 2020 10:47 Asia/Dushanbe

Бузургтарин куштори Аврупо пас аз Ҷанги ҷаҳонии дувум дар ҷанги Босния иттифоқ афтод, ки дар он ҳазорон мусулмони ғайринизомӣ дар як рӯз ба дасти сербҳо қатли ом шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симои Эрон, талхтарин рӯйдод дар ҷанги Босния, наслкушии мусулмонон дар воқеаи ғамангези куштори Сребренитса аст, ки метавон онро бузургтарин наслкушии Аврупо пас аз Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ донист.

Дар ин куштор аз рӯзи 13 июли 1995 дар камтар аз як ҳафта ҳашт ҳазор мусулмони ғайрнизомӣ ба дасти нажодпарастони серб қатли ом шуданд.

Пеш аз ин куштор, Созмони Миллали Муттаҳид Сребренитсаро минтақае «ҳифозатшудаи амн» эълом карда буд.

400 сарбози мусаллаҳи нидерландии сулҳбон, ки барои эҷоди амният дар ин минтақа мустақар шуда буданд дар ин куштор вокунише нишон надоданд.

Буҳрон дар Босния ва Гертсеговина дар таҳаввулоти пас аз суқути Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ реша дошт ва ақвоми сокин дар ҷумҳурии федерали сотсиалисти Югославия низ ҳар як барои истиқлол ёфтан талош мекарданд.

Режими нажодпарасти ҳоким бар Югославия талош кард то бо такия бар афкори нажодӣ ва силоҳ бо ҳаргуна фароянди истиқлолталабона муқобила кунад, аммо ба далели ҳушдорҳои мукаррари Иёлоти Муттаҳида ва Аврупо дар бораи ҳаргуна хушунат дар сарзаминҳое, ки масеҳиён дар он сокин ҳастанд, ақвоми масеҳӣ тавонистанд бо тай кардани раванде осон ба истиқлол даст пайдо кунанд.

Аммо режими ҳоким бар Белград дар сояи сукути тамомии муддаиёни ҳуқуқи инсон, бо хушунати бисёр зиёд ба куштори мусулмонони истиқлолталаби Босния пардохт ва бузургтарин наслкушии Аврупо пас аз Ҷанги ҷаҳонии дувумро дар он сарзамин рақам зад.