Дархости Путин аз русҳо барои ширкат дар ҳамапурсии Қонуни асосӣ
(last modified Tue, 30 Jun 2020 15:44:58 GMT )
Июн 30, 2020 20:44 Asia/Dushanbe
  • Дархости Путин аз русҳо барои ширкат дар ҳамапурсии Қонуни асосӣ

Раиси Ҷумҳурии Россия шаҳрвандони ин кишвар хост то дар ҳамапурсии Қонуни асосии ин кишвар ширкат кунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, Владимир Путин имрӯз дар як суханронии телевизионӣ аз шаҳвандони ин кишвар хост то дар ҳамапурсии Қонуни асосӣ ширкат кунанд ва таъкид кард, ки ислоҳот танҳо замоне иҷроӣ машаванд, ки ҳама мардум аз он ҳимоят кунанд.

Ба манзури муқобила бо ҳамагирии вируси корона, ҳамапурсии Қонуни асосии Россия аз панҷ рӯз оғоз шуда ва фардо аввали июл охирин рӯзи он аст.

Бар асоси ислоҳоти пешниҳодшуда дар Қонуни асосии Россия, имкони раёсати ҷумҳурии Путин барои ду давра шаш солаи дигар фароҳам шудааст.