Трамп: Бойден бояд озмоиши заволи ақл бидиҳад
Раиси ҷумҳури Амрико ин бор масъалаи саломати рақиби демократи худро дастовезе барои тамасхури ӯ қарор дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симои Эрон, Доналд Трамп гуфт: Ҷо Бойден бояд озмоиши заволи ақл бидиҳад ҳарчанд баид аст аз ин озмоиш муваффақ берун ояд.
Трамп, ки борҳо аз унвони «Ҷои хоболуд» барои хитоб кардани рақиби демократи худ истифода карда, дар бархе изҳори назарҳои худ муддаӣ шуда, ки Бойден аз ҳуши андаке бархурдор аст.
Рӯзномаи Вашингтон Пост низ моҳи июн гузориш дода буд Трамп чандин бор ба мушовирони худ гуфтааст, ки гумон намекунад Бойден битавонад аз паси озмуни саломати ақл, ки пизишки Кохи Сафед ба унвони бахше аз системи санҷиши саломати ҷисмӣ анҷом медиҳад, барояд.
Трамп ва муттаҳидони ӯ дар корзори интихоботии худ аз мавориде аз иштибоҳоти лафзии Бойден барои муттаҳам кардани ӯ ба заволм ақл истифода кардаанд.
Номзади демократи интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико дар аввалин конфронси хабарии худ пас аз се моҳ, иштибоҳҳои бисёре дошта ва аз ҳамин рӯ тардидҳои зиёде дар бораи заволи ақли ӯ эҷод шудааст.
Тибқи назарсанҷии нави рӯзномаи Нию-Йорк Таймз ва донишкадаи Siena ниме аз овоздиҳандагони амрикоӣ ҳомии Бойден ва 36 дарсад ҳомии Трамп ҳастанд.