Убури қурбониёни корона дар Амрико аз марзи 130 ҳазор нафар
(last modified Tue, 07 Jul 2020 09:42:47 GMT )
Июл 07, 2020 14:42 Asia/Dushanbe
  • Убури қурбониёни корона дар Амрико аз марзи 130 ҳазор нафар

Қурбониёни корона дар Амрико аз марзи 130 ҳазор нафар убур кард.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, тибқи ҷадидтарин омору рақамҳои Донишгоҳи Ҷонз Ҳопкинз, дар 24 соати гузашта бо марги 338 нафари дигар, маҷмӯи қурбониёни корона дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз марзи 130 ҳазор нафар убур кард.

Донишгоҳи «Ҷонз Ҳопкинз» имрӯз (сешанбе) гузориш кард, ки дар 24 соати гузашта, 338 нафари ҷадид бар асари ибтило ба вируси корона дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷони худро аз даст доданд то маҷмуи қурбониёни ин вирус дар ин кишвар ба 130 ҳазору 284 нафар бирасад.

Ин омору рақамҳо ҳамчунин нишон медиҳад, ки дар 24 соати гузашта, 47 ҳазору 131 мавриди нав ба мубталоён ба КОВИД-19 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико афзуда шуд ва шумори куллии мубталоён ба ин вируси ношинохта дар Амрико ба ду миллиону 935 ҳазору 716 нафар расид.

Бино бар гузориши Донишгоҳ Ҷонз Ҳопкинз, то кунун камаш 11 миллиону 592 ҳазору 259 нафар аз мардуми саросари ҷаҳон ба корона олуда шудаанд ва аз он миён 537 ҳазору 487 нафар низ ҷони худро аз даст додаанд ва 6 миллиону 283 ҳазору 33 нафар низ беҳбуд ёфтаанд. Амрико ҳамчунон дар садри кишварҳои ҷаҳон бо бештарин омори мубталоён ва қурбониёни вируси корона қарор дорад.