Безараргардонии нақшаи террористии ДИИШ дар Кобули Афғонистон
Идораи амнияти миллии Афғонистон нақшаи террористии ДИИШ барои ҳамла ба як бемористон ва як шабакаи телевизионӣ дар шаҳри Кобулро хунсо кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дафтари матбуотии идораи амнияти миллии Афғонистон имрӯз дар баёнияе эълом кард: неруҳои амнияти миллӣ ду узви ДИИШ ба номи Лутфуллоҳ ва Аҳмадуллоҳро пеш аз ҳамла ба як бемористон дар ғарби шаҳри Кобул ва як шабакаи телевизионӣ боздошт карданд.
Ба гуфтаи дафтари матбуотии идораи амнияти миллиии Афғонистон, ин афрод, ки сокини шаҳристони Шакардарраи Кобул ҳастанд, эътироф карданд,ки мехостанд ба бемористони Мавло Алӣ дар ғарби ин шаҳр ва як шабакаи телевизионӣ ҳамла кунанд.
Идораи амнияти миллии Афғонистон номи ин шабакаи телевизониро эълон накардааст.
Чанде пеш коркунони шабакаи телевизионии Хуршед дар шаҳри Кобул ҳадафи инфиҷор фаро гирифтанд, ки бар асари он шуморе аз кормандони ин шабака кушта ё захми шуданд. Гуруҳи террористии ДИИШ масъулияти ин инфиҷорро бар ӯҳда гирифт.
Ҳамчунин, ҳудуди ду моҳ қабл бемористони сад бистарии занон дар ғарби Кобул ҳадафи ҳамлаи муҳоҷимони ДИИШ қарор гирифт, ки бар асари он 24 нафар аз ҷумла чанд навзод кушта шуданд.