Таҷаммуъ дар эътироз ба боздошти як раиси вилоят дар Русия
(last modified Sat, 11 Jul 2020 15:09:17 GMT )
Июл 11, 2020 20:09 Asia/Dushanbe
  • Таҷаммуъ дар эътироз ба боздошти як раиси вилоят дар Русия

Ҳазорон нафар дар яке аз шаҳрҳои ховари дури Русия, бо барпоии таҷаммуъ ба боздошти раиси вилояти минтақа эътироз карданд.

Ба  гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз радиои "Эхо Москвы", беш аз 30 ҳазор нафар рӯзи шанбе бо баргузории таҷаммуъ дар шаҳри Хабаровск- маркази вилояти ба ҳамин ном дар ховари дури Русия ба боздошти Сергей Форгал- раиси вилояти ин минтақа эътироз карданд.

Форгал рӯзи панҷшанбе ба иттиҳоми барномарезӣ барои қатл, боздошт шуд ва ба Маскав интиқол ёфт.  

Кумитаи  пайгирии қазоии Русия дар баёнияе эълом кард маъмурони ин кумита бо ҳамкории Созмони амнияти федерали Русия, Сергей Форгалро, ки ба сӯиқасд ба ҷони чанд нафар аз сармоядорон муттаҳам шудааст боздошт карданд.

Форгал ҳамаи иттиҳомҳо алайҳи худро рад кардааст.

Владимир Жириновский- раҳбари Ҳизби либералдемократи Русия, ки Форгал  узви он аст эълом карда, ки вай ба хотири муваффақият дар мақоми худ ба унвони раиси вилоят, мавриди хашми ҳукумат қарор гирифтааст.

Жириновский ҳушдор додааст, ки дар сурати муҳокимаи Форгал ҳамаи намояндагони фраксюни либералдемократ, думои Русияро тарк мекунанд.

Агар иттиҳомоти ворида ба Форгал  дар додгоҳ исбот шавад вай ба 20 сол зиндон маҳкум хоҳад шуд.

Давлати Русия мегӯяд мубориза бо ҷурмҳои мақомот бо қувват идома хоҳад ёфт.

 

Барчасп