Саранҷом Трамп ҳам ниқоби тиббӣ зад
Раиси ҷумҳури Амрико пас аз моҳҳо мухолифат ва муқовимат дар баробари хости мақомоти беҳдоштӣ, саранҷом пазируфт, ки барои пешгирӣ аз шуйюи корона бояд ниқоби тиббӣ бизанад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз вебгоҳи Ҳил, бар асоси тасовире, ки аз ҳузури Доналд Трамп дар маркази дармонӣ низомии Уолтер Рид дар иёлати Мэриленд мунташир шуда, ӯ маҷбур ба истифода аз ниқоби тиббӣ дар маконҳои умумӣ шудааст.
Раиси ҷумҳури Амрико пеш аз вуруд ба ин маркази дармонӣ, ба хабарнигорон гуфта буд муҳимм аст, ки дар бемористон аз ниқоби тиббӣ истифода шавад ва эҳтимолан худаш низ ин корро анҷом хоҳад дод.
Дар ҳамин ҳол Ҷо Бойден, рақиби демократи Трамп дар ҳисоби Твиттери худ бо ишора ба ин ки Амрико беш аз се миллион мубтало ба вируси корона дорад ва беш аз 130 ҳазор тан ҷон бохтаанд, навишт: Боваркрданӣ нест Доналд Трамп ҳамчунон аз нобуд шудани он (вируси корона) ҳарф мезанад; мо ҳар рӯз дар ҳоли пардохти баҳои бекифоятии ин раиси ҷумҳур ҳастем.
Тозатарин назарсанҷиҳо нишон аз коҳиши чашмгири мизони ризоят аз амалкарди Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар контроли ҳамагирии вируси корона ва низ ҷиддӣ нагирифтани тавсияҳо ва дастуруламалҳои беҳдоштӣ барои муқобила бо ин беморӣ дорад.