Ҳушдори Имрон Хон дар бораи қатли оми мардуми Кашмир ба дасти ҳиндиҳо
(last modified 2020-07-13T03:04:25+00:00 )
Июл 13, 2020 08:04 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Имрон Хон дар бораи қатли оми мардуми Кашмир ба дасти ҳиндиҳо

Нахуствазири Покистон дар бораи куштори кашмириҳо ба дасти низомиёни ҳиндӣ, ҳушдор дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Тасним, Имрон Хон рӯзи якшанбе бо ишора ба вазъияти ногувори мардуми минтақаи Кашмири таҳти контроли Ҳинд гуфт: Фоҷиае монанди куштори мазлумонаи мусулмонони Босния ва Ҳерсеговина дар Сребренитса ба дасти сирбҳо дар интизори мардуми Кашмир аст.

Нахуствазири Покистон афзуд: Низомиёни ҳиндӣ бидуни ин ки нигарони таъқиби қазоӣ бошанд кашмириҳоро қатли ом мекунанд.

Имрон Хон хотирнишон кард: Беш аз ҳашт миллион кашмириро 800 ҳазор низомии ҳиндӣ муҳосира кардаанд ва ҳудуди як сол аст, ки таҳияи имконоти аввалияи зиндагӣ низ барои онҳо мушкил шудааст.

Ҳинд солҳо аст бо мустақар кардани ҳазорон низомӣ, минтақаҳое аз Кашмирро ба контроли худ дар оварда ва тайи се даҳа, даҳҳо ҳазор нафар дар хушунатҳои ин минтақа ба қатл расидаанд.

Мардуми Кашмир иҷрои қатъномаи Шурои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид дар бораи баргузории ҳамапурсӣ барои таъйини вазъияти ин минтақаро хосторанд, аммо давлати Ҳинд ҳамвора бо ин хоста мухолифат кардааст.

 

Барчасп