Пештозии Бойден дар назарсанҷиҳо ва талоши Трамп барои костани ихтилоф
https://parstoday.ir/tg/news/world-i55381-Пештозии_Бойден_дар_назарсанҷиҳо_ва_талоши_Трамп_барои_костани_ихтилоф
Охирин назарсанҷии Муассисаи байналмиллалии Загби нишон медиҳад намояндаи демократҳо ҳамчунон пеш аст, аммо Трамп фосилаашро бо ӯ кам кардаас.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 13, 2020 06:14 Asia/Dushanbe
  • Пештозии Бойден дар назарсанҷиҳо ва талоши Трамп барои костани ихтилоф

Охирин назарсанҷии Муассисаи байналмиллалии Загби нишон медиҳад намояндаи демократҳо ҳамчунон пеш аст, аммо Трамп фосилаашро бо ӯ кам кардаас.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, дар ин назарсанҷӣ Ҷо Бойден ҳамчунон бо ҳафт дарсад ихтилоф аз Трамп пеш аст, аммо вай аз моҳи май то кунун шаш имтиёз аз даст додааст.

Бар ин асос, Трамп тавонистааст худро миёни овоздиҳандагони болои 65 сол боло бикашад ва ихтилофи байни занон ва мардонро коҳиш диҳад ҳарчанд, ки Бойден ҳамчунон дар ин гурӯҳ, пештоз аст.

Бар  асоси ин назарсанҷӣ 60 дарсад аз овоздиҳандагони 18 то 29 сол аз Бойден ҳимоят мекунанд дар ҳоле, ки ҳимояти онон аз Трамп 26 дарсад аст.

Бойден ҳамчунин миёни овоздиҳандагони мард бо 47 дар баробари 44 дарсад ва байни овоздиҳандагони зан бо 51 дар баробари 41 дарсад пештоз аст.

 77 дарсади сиёҳпӯстон омодаи овоз додан ба Бойден ҳастанд  дар ҳоле, ки танҳо 14 дарсад аз онҳо гуфтаанд ба Трамп овоз хоҳанд дод.

 51 дарсади сафедпӯстон ба ҳимоят аз Трамп идома медиҳанд дар ҳоле, ки ин рақам барои Бойден 41 дарсад аст.

Бойден ҳамчунин дар гурӯҳи лотинтаборҳо бо 65 дарсад дар баробари 27 дарсад, ихтилофи зиёде бо Трамп дорад.

Бойден  ва Трамп байни овоздиҳандагони 30 то 49 сол ва ҳамчунин болои 65 сол бо доштани 45 дарсад ҳимоят, рақобати бисёр наздике доранд.