Чин: Ҷаҳон ба ИМА фишор орад, то ба созишномаи ҳастаӣ баргардад
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Чин аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост ба Амрико барои бозгашт ба тавофуқи ҳастаӣ - Барҷом-фишор оварад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз Ирна , Хуа Чун Юнг Hua Chunying рӯзи сешанбе ба муносибати панҷумин солгарди тавофуқи ҳастаӣ дар баёнияе таъкӣд кард, Чин қотеъона аз тавофуқи ҳастаии соли 2015 бо Эрон ҳимоят мекунаду аз ҷомеаи байналмилалии мехоҳад Амрикоро барои бозгашт ба ин тавофуқи муҳим , таҳти фишор қарор диҳад .Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Чин афзуд : тавофуқи ҳастаӣ ҳосили як «дипломасии чанд ҷонибаи фишурда » аст, ки бо қатъномаи 2231 Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид низ пуштибонӣ мешаваду хориҷ шудани Амрико аз ин тавофуқи муҳими байналмилалӣ дар моҳ майи соли 2018 қатъномаи 2231 Шӯрои Амниятро нақз кард .
Намояндагии Русия дар ожонси байналмилалии энергетикии атомӣ дар Вена низ дар паёмии Твиттерӣ ба муносибати панҷумин солрӯзи имзоии Барҷом , онро тавофуқи бе ҷойгузин донисту аз ҳамаи шарикон дар тавофуқи ҳастаӣ ва бақияи аъзоии Созмони Милали Муттаҳид даъват кард аз худ барои дифо аз Барҷоам , иродаи сиёсӣ нишон диҳанд .Панҷи соли пеш дар 14 июли соли 2015 Эрону кишварҳои Фаронса , Амрико , Чин , Русия , Олмону Британия ба ҳамроҳи Иттиҳодияи Аврупо ба тавофуқ дар бораи барномаи ҳастаии Эрон даст ёфтанд .Доналд Трамп Раиси Ҷумҳурии Амрико 8 майи соли 2018 ба умеди дастёбӣ ба тавофуқи дигаре, ки манофеъи Амрикоро бештар таъмин кунад ба таври якҷониба кишварашро аз тавофуқи ҳастаӣ хориҷ карду таҳримҳои ҳастаии Эронро бозгардонд.Ин иқдоми Трамп бо маҳкумияти густардаи дохилӣ ва байналмилалӣ мувоҷеҳ шуд ва Эрон низ ба тавофуқи дигаре бо Амрико тан надодааст .