Ҷанҷоли ҷосусафзори режими саҳюнистӣ дар Испания
Нуфузи бадафзори ҷосусии режими саҳюнистӣ ба телефони мобилии ду мақоми испанияӣ бо истифода аз заъфи амниятии нармафзори Ватсап дар ин кишвар хабарсоз шудааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, нашрияи Эл Паиси Испания рӯзи чаҳоршанбе навишт: Раҷер Торент- раиси Конгираи Каталан ва Эрнест Марагал- яке аз намояндагони конгираи ин иёлат, қурбониёни тозаи ҷосусафзори "Pegasus" мутааллиқ ба ширкати саҳюнистии NSO ҳастанд.
Эл Паис навиштааст: Бар асоси эъломи муассисаи канадаии расади кибирнитикии "Citizen Lab", ин ду мақоми сиёсӣ бо дарёфти паёмак ва тамосҳои тасвирии машкук ба далели нуқси амниятии програми Ватсап дар майи 2019 мавриди ҷосусӣ қарор гирифтаанд.
Бинобар эъломи "Citizen Lab", ширкати исроилии NSO бо огоҳӣ аз ҳуфраи амниятии Ватсап, фаъолони сиёсӣ, фаъолони ҳуқуқи инсон ва рӯзноманигоронро дар кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла Марокаш, Арабистони саудӣ, Аморот, Қазоқистон, Баҳрайн ва Мексика ҳадаф қарор додааст.
Ширкати Ватсап ноябри 2019 эълом кард ҳазору 400 хабарнигор дар Африқо, Ховари Миёна, Аврупо ва Амрикои Шимолӣ мавриди ҳамлаи ҷосусии "Pegasus" қарор гирифтаанд.
Citizen Lab ҳамчунин пештар нақши ширкати исроилии NSO-ро дар қатли Ҷамол Хошуқҷӣ- рӯзноманигори мунтақиди Оли саъуд ифшо карда буд.
Ин муассисаи таҳқиқотӣ гузориш дод, ки телефони Айфони яке аз наздикони Хошуқҷӣ танҳо чанд моҳ пеш аз қатли вай ба програми ҷосусии NSO олуда шуда ва ба воситаи ин хакки иттилоотӣ, интиқодоти хусусии Хошуқҷӣ аз хонаводаи салтанатии саудӣ барои ҷосусон ошкор шуд.