Июл 16, 2020 11:41 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши фишорҳои ҷаҳонӣ алайҳи режими саҳюнистӣ; мухолифати аврупоиҳо бо тарҳи пайвастшавӣ

Режими Исроил дар ростои аҳдофи дарозмуддат ва ишғолгаронаи худ қасд дорад то ҳадди ақал 30 дарсад аз заминҳои ишғолии соли 1967-и Каронаи Бохтариро ба Фаластини ишғолӣ изофа намояд. Ин иқдоми ғайриқонунӣ ва мутафовит бо қатъномаҳои Шурои амнияти Созмони Миллал, бо мухолифати ҷаҳонӣ рӯбарӯ шудааст ва ҳатто аврупоиҳо ҳам мавзеъи мухолиф бо он гирифтаанд.

Борис Ҷонсон- нахуствазири Британия асри сешанбе дар тамоси телефонӣ бо Маҳмуд Аббос- раиси Ташкилоти худгардони Фаластин, мухолифати худро бо тарҳи ғайриқонунии режими саҳюнистӣ барои илҳоқ(пайвастшавӣ)-и бахшҳое аз Каронаи Бохтарӣ ба Фаластини ишғолӣ мавриди таъкид қарор дод. Ҷонсон 6 июл низ дар тамоси телефонӣ бо Бенямин Натанияҳу, ҳамтои саҳюнисти худ дар бораи паёмадҳои илҳоқи Каронаи Бохтарӣ ҳушдор дод ва зимни ибрози нигаронӣ аз иҷрои ин тарҳ тасреҳ кард, ки ин тасмим дурнамои сулҳро дар минтақа ба хатар меандозад. Ӯ пештар низ бо интишори ёддоште ҳушдор дод Лондон ҳеҷ гуна тағйире дар марзҳои таъйиншудаи 1967-ро нахоҳад пазируфт магар ин ки бо тавофуқи ду тараф анҷом шавад. Намояндаи Ташкилоти худгардони Фаластин дар Британия рӯзи чаҳоршанбе бо интишори паёме дар Твиттер, хостори таҳрими Исроил ва шиносоии кишвари мустақили Фаластин аз сӯи давлати Британия шуд.

Ин мавзеи Лондон, ки акнун аз Иттиҳодияи Аврупо ҷудо шуда ҳамоҳанг бо мавзеи кишварҳои ин иттиҳодия дар мухолифат бо тарҳи илҳоқи Каронаи Бохтарӣ аст. Вазирони умури хориҷаи 11 кишвари аврупоӣ дар номае ба Ҷозеп Боррел- масъули сиёсати хориҷии ин иттиҳодия, ибрози нигаронӣ карданд, ки замоне барои тадвини гузинаҳои вокуниш ба Тел-Авив дар сурати иҷрои тарҳи илҳоқи Каронаи Бохтарӣ рӯ ба итмом аст. Ин номаро вазирони умури хориҷаи Фаронса, Италия, Нидерланд, Ирландия, Белгия, Люксембург, Шветсия, Дания, Финляндия, Португалия ва Малта навишта ва барои Ҷозеп Боррел ирсол шудааст. Вазирони умури хориҷаи ин кишварҳо дар ин нома хостори таҳияи сареи рӯйхате аз вокунишҳои эҳтимолии Иттиҳодияи Аврупо ба режими саҳюнистӣ дар сурати иҷроӣ кардани тарҳи илҳоқи Каронаи Бохтарӣ шуданд ва тасреҳ карданд, замон барои боздоштани Тел-Авив ба суръат дар ҳоли аз даст рафтан аст. Дар ин нома бо таъкид бар нигаронии иттиҳодия ва кишварҳои аврупоӣ аз тарҳи илҳоқи заминҳои фаластиниён дар Каронаи Бохтарӣ, бо истинод ба мавзеъҳои Боррел, ин иқдом поймолсозии қавонини байналмиллалӣ тавсиф шудааст.

Ҷозеп Боррел- масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо 18 майи 2020 аз режими саҳюнистӣ хоста буд то аз илҳоқи бахшҳое аз Каронаи Бохтарӣ худдорӣ кунад. Боррел гуфт: Иттиҳодияи Аврупо ... қавиян аз Исроил мехоҳад то аз ҳаргуна тасмими якҷонба, ки ба илҳоқи сарзаминҳои ишғолшудаи фаластинӣ мунҷар мешавад, худдорӣ кунад чун ин иқдом бар хилофи қавонини байналмиллалӣ аст. Пеш аз ин низ беш аз як ҳазор қонунгузори аврупоӣ аз 26 кишвар дар номае зимни мухолифат бо тарҳи илҳоқи 30 дарсади Каронаи Бохтарӣ ба Фаластини ишғолӣ, хостори вокуниши муносиби давлатҳои худ ба ин иқдоми эҳтимолии режими саҳюнистӣ шуда буданд.

Бенямин Натанияҳу- нахуствазири режими саҳюнистӣ ва Бени Гантс- раиси эътилофи «Обӣ- сафед»-и ин режим пас аз тавофуқ барои ташкили кабинаи эътилофӣ дар хусуси оғози илҳоқи бахшҳое аз Каронаи Бохтарӣ ва шаҳракҳои саҳюнистӣ дар ин минтақа ба Фаластини ишғолӣ, аз якуми июли 2020 ба тавофуқ расида буданд. Ин тарҳи ҷанҷолӣ бо мавҷи шадиди мухолифатҳо ва маҳкумиятҳои фаластиниҳо ва вокуниши манфии ҷаҳонӣ рӯбарӯ ва ба замоне дигар гузошт.

Бо ин ҳол бо таваҷҷуҳ ба эҳтимоли иҷроӣ шудани ин тарҳи саҳюнистҳо, Иттиҳодияи Аврупо дар ҳоли баррасии иҷрои таҳрим алайҳи Исроил аст; ҳарчанд ба назар мерасад ба далели мухолифатҳои дохилии бархе аъзои Ииттиҳодияи Аврупо монанди Австрия ва Венгрия бо ташдиди иқдомот алайҳ Тел-Авив, Брюссел роҳи сахте барои амалӣ кардани таҳримҳо алайҳи режими саҳюнистӣ дар пеш дорад. Боррел дар ин бора гуфта, ки иҷрои таҳрим алайҳи Исроил ниёзманди иҷмоъ дар Иттиҳодияи Аврупо аст.

Дар айни ҳол мавзеъгирии воҳиди ҷаҳонӣ дар мухолифат бо тарҳи илҳоқи Каронаи Бохтарӣ, ки амалан аз ҷониби 3 узв аз 4 узви Кумитаи чаҳорҷониба яъне Созмони Миллал, Иттиҳодияи Аврупо ва Русия сурат гирифта, муҷиби ташдиди фишорҳо ва низ инзивои ҳарчи бештари Исроил ва ҳомии аслии он яъне Амрико шудааст. Инзивои Амрико ба унвони узви дигари ин кумита ба далели ҳимояти беқайду шарт аз режими саҳюнистӣ ва низ маҳкумияти рӯзафзӯни Исроил бо таваҷҷуҳ ба иқдомоти тавҷеҳнашуданӣ ва зидди инсонӣ ва ғайриқонунии он алайҳи мардуми Фаластин ва талоши пайиҳам барои ғасби заминҳои онҳо аст.

 

Барчасп