Мухолифати Чин ва Русия бо якҷонибагароии Амрико
https://parstoday.ir/tg/news/world-i55538-Мухолифати_Чин_ва_Русия_бо_якҷонибагароии_Амрико
Вазорати умури хориҷаи Чин ва Русия дар тамосе телефонӣ, бо он чи, "якҷонибагароии Амроико" хонданд, мухолифат карданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 18, 2020 12:17 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати Чин ва Русия бо якҷонибагароии Амрико

Вазорати умури хориҷаи Чин ва Русия дар тамосе телефонӣ, бо он чи, "якҷонибагароии Амроико" хонданд, мухолифат карданд.

Ванг Йи , вазири умури хориҷаи Чин дар тамоси телефонӣ бо Сергей Лавров, ҳамтои руси худ гуфт: Давлати Чин эҳсос мекунад, ки Амрико дар ҳоли эҳёи "зеҳнияти ҷанги сард" дар сиёсатгузории худ дар қиболи Чин аст.

Вазири умури хориҷаи Чин гуфт: Амрико бо иттихози сиёсати якҷонибагароии сулҳу субот, ҷомеаи байналмилалиро ба хатар андохтааст.

Сергей Лавров ҳам дар ин тамоси телефонӣ гуфт: Русия мухолифи якҷонибагароӣ дар умури байналмилалӣ аст.