Кобул ба хоку хун кашида шуд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i556-Кобул_ба_хоку_хун_кашида_шуд
Инфиҷори як бамб дар миёни ҷамъияти ҳазораҳое, ки дар эътироз ба тағйири масири хати интиқоли барқи воридотии Туркманистон дар Кобул тазоҳурот мекарданд, чандин кушта ва маҷрӯҳ бар ҷо гузошт.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 23, 2016 19:32 Asia/Dushanbe
  • Кобул ба хоку хун кашида шуд

Инфиҷори як бамб дар миёни ҷамъияти ҳазораҳое, ки дар эътироз ба тағйири масири хати интиқоли барқи воридотии Туркманистон дар Кобул тазоҳурот мекарданд, чандин кушта ва маҷрӯҳ бар ҷо гузошт.

Ба гузориши шабакаи "Хабар"-и Эрон, ин инфиҷор ҳамзамон бо тазоҳуроти ҳаводорони "Ҷумбиши рӯшаноӣ", ки ағлабшон аз ҳазораҳо ҳастанд рух дод.

Ин тазоҳурот аз субҳи имрӯз дар эътироз ба тағйири масири хати интиқоли барқи воридотии Туркманистон аз Бомиён ба Соланг баргузор шуда буд ва ҳазорон нафар дар маҳаллаи Деҳмазанги Кобул таҷаммуъ карда буданд.

Шоҳидон тасреҳ кардаанд, ки як фарди интиҳорӣ омили инфиҷор будааст.

Аз омори талафот ҳанӯз хабари дақиқе мунташир нашуда, аммо гузоришҳои аввалияи хабарнигорони бурунмарзии Садо ва симо аз кушта шудани дастакам 50 нафар ва захмӣ шудан беш аз 200 нафар аз роҳпаймоён ҳикоят дорад.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории ИРНА ба нақл аз бархе расонаҳои Афғонистон хабар дода, ки ДИИШ масъӯлияти ҳамлаи террористии имрӯзи Кобулро бар ӯҳда гирифтааст.