Июл 27, 2020 14:35 Asia/Dushanbe
  • Қаҳрамони вазнабардории занони ҷаҳон мусулмон шуд

Қаҳрамони вазнабардории занони ҷаҳон аз кишвари Латвия дар саҳифаи Инстаграми хеш аз ташарруф ба дини мубини ислом хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Ребека Коҳа- вазнабардори аҳли Латвия дар саҳифаи шахсии худ дар Инстаграм аз мусулмон шудани худ хабар дод ва навишт: Тасмими бузурге дар зиндагиям гирифтам. Метавонам бигӯям, ки чиқадар хушҳол ва шокирам. Итминон дорам, ки кори дурусте анҷом додам. Танҳо чизе, ки аз ҳама мехоҳам эҳтиром ба ин тасмим аст.

Коҳа дар идома бо баёни ин ки пас аз ислом овардан навтарин ва зеботарин фасли зиндагияш оғоз шудааст аз тарафдоронаш хостааст ҳол, ки мусулмон шуда аксҳои бидуни ҳиҷобашро дар саҳифаҳои маҷозӣ мунташир накунанд.

Ребека Коҳа дар моҳи май номзадиашро бо Маоз Муҳаммад Иброҳим- варзишкори қатарӣ эълом кард.

Вай аз 12 солагӣ вазнабардориро оғоз карда ва се нишони тило ва як нуқраи бузургсолони Аврупо, ду бирнҷии ҷавонони Аврупо, биринҷии олимпии ҷавонони 2014, нуқраи ҷавонон ва се тило ва ду биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон ва унвони чаҳорум дар олимпии 2016-и Риоро дар ихтиёр дорад.

 

Барчасп